Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти дипломати қирғиз дар Туркманистон


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон боздошти корманди сафорати ин кишвар дар Туркманистонро бо гумони қочоқ тасдиқ кард.

Бар асоси ин иттилоъ, Манас Усмонови 36-сола корманди техникии сафорати Қирғизистон дар Туркманистон буда, тавассути мошини шахсиаш кишвари иқоматро бе иҷозати роҳбарият тарк кардааст. Усмонов баъд аз боздошт тавассути мақомоти Туркманистон аз вазифааш барканор шуд.

Қаблан ВАО-и Туркманистон хабар дода буд, ки Усмонов рӯзи 17 апрели соли равон дар гузаргоҳи марзии "Фарап" боздошт шуда, аз дохили мошини "Toyota Highlander"-и ӯ миқдори зиёди тамокӯ мусодира гардидааст.

XS
SM
MD
LG