Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосбек Отамбоев ба Душанбе намеояд


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Дафтари матбуотии кобинаи вазирони Қирғизистон мегӯяд, ки Алмосбек Отамбоев - раисиҷумҳури он кишвар рӯзи 12 май дар маросими оғози сохтмони тарҳи CASA-1000 дар Душанбе иштирок нахоҳад кард. Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад.

Ба иттилои дафтари матбуотии кобинаи вазирони Қирғизистон, дар ин маросим нахуствазир Сооронбай Жеенбеков иштирок хоҳад кард. Вай рӯзи 11 май ба Душанбе омада, интизор меравад, дар ин сафар бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон низ мулоқот анҷом бидиҳад ва ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ кунад.

Рӯзҳои пеш хабарҳо пахш шуда буд, ки дар маросими оғози корҳо дар CASA-1000 Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон якҷоя бо Ашраф Ғанӣ - раисиҷумҳури Афғонистон ва Навоз Шариф - нахуствазири Покистон дар ин маросим ширкат хоҳад ҷуст.

XS
SM
MD
LG