Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, рӯзи сешанбеи 10 май дар дидору гуфтугӯи хос ба зарурати тавсеаи равобити марзӣ ва таъмини амнияти марзи муштарак таъкид кардаанд. Ашраф Ғанӣ рӯзи сешанбе бори аввал бо сафар расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Дар фарҷоми ин мулоқот раисони ҷуҳмур Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба имзо карданд. Инчунин дар ҳузури сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.
Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздики Афғонистон аст, ки бо ин кишвар беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Ин ҳамсоягӣ Тоҷикистонро пайваста дар ростои чолишҳои амниятӣ қарор медиҳад, ки камтарини он қочоқи маводи мухаддир ва бузургтаринаш интиқоли нооромиҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аст.
Дар шароити феълӣ ҷиддитарин ҷолиш таҷаммӯъи афроди мусаллаҳ дар марзи ду кишвар аст ва ҳамчунин заъфи амниятӣ дар манотиқи марзии Афғонистон, ки дар моҳҳои ахир Толибон он маконҳоро дастикам ду дафъа тасарруф карданд. Дар як соли ахир чандин задухурди нерӯҳои Тоҷикистон бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин сӯи марз ба мушоҳида расиданд. Аз ин рӯ дар тули сафари Ғанӣ масоили амниятӣ дар мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон аз масоили калидӣ хоҳад буд.
Мавзӯи дигаре, ки раиси ҷумҳури Афғонистон ва нахуствазирони Покистону Қирғизистонро ба Душанбе хондааст, ифтитоҳи бунёди хатти интиқоли неруи барқи CASA-1000 аст, ки рӯзи 12 май дар шаҳри Турсунзода, воқеъ дар канораҳои пойтахти Тоҷикистон, баргузор мешавад.
CASA-1000 як барномаи пуриддаои минтақавист, ки бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқ аз ТОҷикистону Қирғизистону то Покистон аз тариқи Афғонистонро ба ҳадаф дорад. Дар назар аст, ки хатти баландшиддати CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба миқдори 1300 Мегаватт неруи барқро ба Афғонистону Покистон интиқол диҳад. Сармояиин тарҳ 1 миллиард доллар арзёбӣ шуда, саҳми Тоҷикистон дар он 314 миллион доллар будааст. Аммо бисёр коршиносони минтақавӣ бар ин боваранд, ки бесуботӣ дар Афғонистон татбиқи ин барномаро, мисли чандин барномаи нотамоми дигар дигар, ба бунбаст ворид мекунад.
Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар 15 июли соли 1992 барқарор шудааст. Феълан миёни ин ду кишвар беш аз 80 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда ва гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли гузашта 104 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Дар пайи суқути режими Толибон дар Афғонистон дар авохири соли 2001 равобити Тоҷикистон бо ин кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ густариш ёфта, ба манзури ҳамоҳангсозии самтҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои тавсеъаи онҳо миёни ин ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ таъсис шуд.
Барномаҳои бузурги бунёди роҳҳои мошингард ва оҳан, лӯлаҳои об ва газ, хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи самтҳои чунин ҳамкориҳо ҳисоб меёбанд. Тарҳҳои интиқоли неруи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба марҳилаи иҷро даромадаанд.
Дар бахши ҳамкориҳои фарҳангӣ ҳунармандони тоҷику афғон бо барномаҳои рангин дар Душанбею Кобул ҳунарнамоӣ кардаанд. Ҳамчунин, ҳамсола барои ҷавонони Афғонистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон 50 саҳия ҷудо мешавад. Феълан дар макотиби олии Тоҷикистон 234 шаҳрванди Афғонистон омӯзиш мегиранд.