Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 52 нафар дар як садамаи пурқурбонӣ дар Ғазнӣ


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Ҷовид Солангӣ, сухангӯии волии вилояти Ғазнии Афғонистон гуфт, дар садамаи нақлиётии рӯзи 8 май дар вулусволии Муқур, дар шоҳроҳи асосии Кобул –Қандаҳор, 52 нафар ҷон бохтаанд. Исмоил Ковусӣ, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, иттилои қаблӣ дар бораи ҳалокати 73 нафар дар ин садама саҳеҳ набуда, ба далели мушкилоти фаннӣ дар роҳи ҷамъоварии маълумот аз бемористонҳо ҳосил шудааст.

Бар асари садамаи се мошин, ҳар сеи ин васоили нақлия ба коми оташ рафта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Пулиси Муқур гуфт, қазияро таҳқиқ мекунад, вале таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки ин се мошин ба иллати беэҳтиётии ронандагон рух додааст. Ба далели риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат ва бад будани шароити роҳҳояш садамаҳои нақлиётӣ дар Афғонистон ба сурати фаровон рух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG