Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани ташвиқгари ДИИШ


Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Амрико дар Ироқ яке аз ташвиқгарони бонуфузи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ) кушта шудааст.

Дар ин бора дирӯз мақомоти Австралия хабар додаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба онҳо иттилоъ додааст, ки шахси гумонбар дар чанд ҳамлаҳои қаламрави Австралия Нейл Пракаш 29 апрел дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар шаҳри Мосули Ироқ нобуд карда шуд. Пракаш аз зумраи шахсоне ҳам буд, ки барои анҷоми ҳамлаҳо зидди ИМА даъват мекард.

Сокини шаҳри Мелбурни Австралия Нейл Пракаш дар наворҳову маводи таблиғии ДИИШ дида мешуд ва дар ташвиқу ҷалби мардону занон ва кӯдакони ҳамватанаш ба сафи ҷангҷӯёни ин созмони террористӣ фаъол буд.

Гумон меравад, Нейл Пракаш, ки исми ӯ дар рӯйхати таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор дошт, соли 2014 ба Сурия рафта бошад.

Ҳукумати ИМА мегӯяд, 22 апрел дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ин кишвар дар Сурия шаҳрванди дувуми Австралия, ки дар ҳамдастӣ бо ДИИШ гумонбар аст, кушта шуд. Шодӣ Ҷаббор Халил Муҳаммад ва шавҳари судонии ӯ Абӯсаод ас-Судонӣ яке аз таблиғгарони бонуфузи ДИИШ ба ҳисоб рафта, ҳамеша барои анҷоми ҳамлаҳо зидди манофеи Ғарб даъват мекарданд.

XS
SM
MD
LG