Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси иёлати Огайои ИМА Ҷон Кейсик аз рақобатҳои президентӣ хориҷ шуда, номзадиашро аз интихоботи ибтидоии ҳизби ҷумҳурихоҳон мегирад, хабар медиҳанд телевизионҳои NBC ва CNN.

Пештар иттилоъ расида буд, ки Кейсик нишасти хабарии эълоншударо баргузор нахоҳад кард. Интизор меравад, Кейсик дар фурсатҳои наздик ин тасмимашро расман эълон кунад.

Ахиран баъди шикаст дар интихоботи ибтидоӣ дар иёлати Индиана як номзади дигари ҷумҳурихоҳон - Тед Круз аз идомаи сабқат даст кашид. Ба ин тартиб, миллиардер Доналд Трамп номзади ягона дар интихоботи ибтидоии Ҳизби ҷумҳурихоҳон гардид.

Тасмими ниҳоиро дар мавриди пешниҳод кардани Доналд Трамп ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон анҷумани миллии ҳизб, ки моҳи июл баргузор хоҳад шуд, мегирад. Барои пуштибонии бечунучарои анҷуман Трамп ба 1237 раъйи вакилон эҳтиёҷ дорад. Ин миллиардер баъди пирӯзӣ дар Индиана соҳиби 1053 райъ шуд.

Видеоҳои охирин

Магар низоми нафақаи Тоҷикистон бомуваффақият аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG