Дар Ӯзбекистон бо дастури сарвазир Шавкат Мирзиёев сароянда, оҳангсоз ва ҳунарманди хизматнишондодаи ин кишвар Абдулазиз Каримро аз унвон маҳрум кардаанд.
Ин сароянда ба хотири гирифтани шаҳрвандии Туркия дар Ватан "хоин" эълон шудааст.
Тавре як манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, сарвазир шахсан Абдулазиз Каримро аз ҷоизаи "Ниҳол" ва унвони ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистон, ки солҳои 2000 ва 2003 бо онҳо қадрдонӣ шуда буд, маҳрум кардааст.
Ин бори нахуст нест, ки сарвазири Ӯзбекистон сарояндаҳои кишварашро маҳрум мекунад. Соли 2010 Шавкат Мирзиёев унвони ҳунарманди хизматнишондодаи сарояндаи гуруҳи "Хӯҷа" Иззат Иброҳимовро ҳам бекор карда буд. Гуноҳи Иброҳимов ин буд, ки дар тамрини омодагӣ ба таҷлили Рӯзи истиқлолият ҳозир нашуд.
Баъд аз як ҷаласа дар Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон Иттифоқи сарояндагони "Ӯзбекнаво" талаботи худ ба сарояндаҳои кишварашро, ки мехоҳанд ба Туркия бираванд, пурзӯр кардааст. Аз ин пас сарояндаҳое, ки нияти сафар ба Туркияро доранд, бояд аз мақомоти дахлдор иҷозат бигиранд.
29 марти соли равон Абдулазиз Каримов шахсан аз номи сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу нома дарёфт кард, ки дар он гуфта мешуд, ба ин сарояндаи ӯзбек "ба таври истисно" шаҳрвандии ин кишвар дода мешавад.
Абдулазиз Каримов моҳи майи соли 2015, баъд аз он ки сурудҳои ӯ дар Ватан манъ гардид, маҷбур шуд, кишварро тарк кунад.