Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷавонони фаъол дар Чимкент


Дар Чимкенти Қазоқистон чанд тан аз ҷавонони фаъол дар назди бинои истиқоматие, ки барои баррасии "гирдиҳамоии эътирозии мусолиматомез зидди фурӯши замин" ҷамъ шуда буданд, аз сӯи пулис боздошт гардидаанд.

"Ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ моро дар мавриди гирдиҳамоии мусоламатомез даъват мекунад. Мо бо дӯстон тасмим доштем, ба хотири фаҳмондани ин тазоҳуроти мусоламатомез гирдиҳам оем, "— мегӯяд яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Суйн Абдулда, ки баъд аз як суҳбати "профилактикӣ" дар шуъбаи пулис озод шудааст.

Қаблан як гуруҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Чимкент ба ҳокими шаҳр Габидулло Абдраҳимов муроҷиат карданд, ки ба онҳо иҷозат бидиҳад, то рӯзи 21 май дар боғи Абай зидди нақшаи ҳукумат дар мавриди фурӯши замин ва эҳтимоли ба муҳлати тулонӣ иҷора додани заминҳои корам ба хориҷиён гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG