Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Бридлав барои таваҷҷуҳи бештар ба Русия


Генерали амрикоӣ Бридлав дар мусоҳиба бо нашрияи "The Wall Street Journal" изҳори таассуф кардааст, ки ИМА барои ҷосусии бештар дар мавриди хатарҳое, ки аз сӯи Русия эҷод мешаванд, маблағи кофӣ надорад. Аз ҳамин хотир бояд имкониятҳои техникии худро зидди нерӯи рӯзафзуни низомии Москва ба кор бурд, гуфтааст ин генерал.

"Мо бояд биандешем, ки оё замони тағйири масир ва гуруҳбандии нави воситаҳои техникиамон фаро нарасидааст", - афзудааст генерал.

"Мо мебинем, ки Русия пешниҳоди ҳамкориро қабул накард ва роҳи рақобатро пазируфтааст, аз ҳамин хотир мо бояд самтамонро муайян кунем", - гуфтааст Бридлав.

Ин генерал ҳамчунин афзудааст, вақте вай ба курсии фармондеҳии Нерӯҳои муттаҳидаи НАТО нишаст, фикр мекард, ки Русия шарикашон аст, на рақиб. Дар соли ҷорӣ вай ин курсиро тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG