Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати нави Қирғизистон савганд ёд кард


Ҳукумати нави Қирғизистон бо раҳбарии нахуствазир Сооронбой Жээнбеков савганд ёд кард. Дар маросими савганд, ки дар бинои порлумони кишвар дар шаҳри Бишкек сурат гирифт, президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ ҳузур дошт.

Жээнбеков 13-уми апрел баъд аз ду рӯзи истеъфои Темир Сариев аз мақоми нахуствазирӣ сарвазир интихоб шуд. Сариев дар авҷи ҷанҷоли фасодкориаш аз вазифа рафт. Асилбек Жээнбеков, раиси порлумон ва бародари нахуствазир Сооронбой Жээнбеков баъд аз интихоби додараш ба ин вазифа курсии раҳбарии порлумонро тарк кард.

27-уми апрел порлумони Қирғизистон дар ду марҳилаи овоздиҳии махфӣ Чинибой Турсунбековро аз Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон раис интихоб кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG