Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ дубора мушак сар дод


Пхенян талошҳояшро барои сохтани воситае, ки кулоҳакҳои ҳастаиро ба масофаи дур расонад, идома медиҳад.

Мушаки борбаре, ки имкони то пойгоҳҳои ИМА дар Осиё ва уқёнуси Ором парвоз карданро дошт, баъди чанд лаҳзаи парвоз суқут кард. Дар як рӯзи охир низомиёни Куриёи Шимолӣ бори дувум аст, ки дар партоби мушаки болдори миёнапарвози навъи "Мусудан" ноком мешаванд. Чунин мушакҳо имкони парвози бештар аз 3 ҳазор километрро доранд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Рейтер.

Ҳар ду партоби номуваффақ дар остонаи анҷумани ҳизби ҳокими Коргар, ки 6 май дар назар аст, анҷом шуд. Партоби аввали "Мусудан" 15 апрел, дар зодрӯзи асосгузори Куриёи Шимолӣ Ким Ир Сен иттифоқ афтода буд. Он замон Шӯрои Амнияти СММ сарфи назар аз парвози номуваффақ, Пхенянро бо таҳримҳои нав таҳдид кард.

Курияи Шимолӣ дар солҳои 2006, 2009 ва 2013 силоҳи ҳастаӣ озмоиш кардааст. Моҳи январи соли ҷорӣ Пхенян хабар дод, ки бомбаи гидрогениро озмоиш кард.

XS
SM
MD
LG