Пайвандҳои дастрасӣ

Тамрини якҷояи ВКД бо сафорати Амрико


Сафорати ИМА дар Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо гурӯҳи вокуниши сареъ ба ҳодисаҳои фаврии ОМОН-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои таъмини амният тамрин гузаронид.

Дар сафорати ИМА гуфтанд, ки ин тамринҳо авҷи ниҳоии машқҳои омӯзишии сеҳафтаинае шуданд, ки онро Барномаи мушорикат дар мубориза бо терроризми Департаменти давлатии ИМА баргузор кард.

Ҳадафи ин тамринҳо бештар кардани имконияти вокуниши маъмурони ОМОН дар ҳолатҳои фаврӣ аст. Машқҳо аз омӯзиши маҳалли ҳодиса, ҷанги тан ба тан, ҳаракат дар воситаҳои нақлиёт ва озодсозии гаравгонҳо иборат буданд. Ин яке аз иқдомҳои омӯзишиест, ки баргузории онҳоро Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ОМОН ба нақша гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG