Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се тоҷик ба гумони қатли Чубаев


Мақомоти интизомии шаҳри Перми Русия Зоир Умаров - шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар қатли Юрий Чубаев, мудири тиҷоратии корхонаи тавлидоти низомӣ, боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, Зоир Умаров муддати чанд сол ба ҳайси муҳофизи Юрий Чубарев кор карда, аммо миёни онҳо ҳеч мухолифате набудааст.

Аз ин пеш Юсуф Умаров - бародари Зоир низ бо айбномаи мушобеҳ боздошт шуда буд. Додгоҳи шаҳри Перм мегӯяд, инчунин, гумонбари сеюм дар қатли Юрий Чубарев бо номи Саид дар Санкт-Петербург дастгир шуда, баъдан ба Перм интиқол ёфтааст.

Шаби 24 апрели соли ҷорӣ мудири тиҷоратии корхонаи "Кирас"-и шаҳри Перми Русия Юрий Чубарев дар манзили худ кушта шуд. Бино ба иттилои бахши Кумитаи бозрасии Русия дар вилояти Перм, ду шаҳрванди Тоҷикистон ба манзили ин марди 66-сола даромада ва ба тани ӯ чанд бор бо корд задаанд. Сипас, аз манзили Юрий Чубарев 120 ҳазор рубл ва смартфонро ба яғмо бурдаанд.

Корхонаи "Кирас" зиреҳҳои ҳимоятӣ барои пулис ва низомиён истеҳсол карда ва аз корхонаҳои маъруфи Русия ҳисоб меёбад.

XS
SM
MD
LG