Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: “Давлати исломӣ” тавони ҷангро надорад


Мақомоти Амрико мегӯянд, шумори хориҷиҳое, ки ба сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия шомил мешаванд, дар соли гузашта якбора кам шудааст. Питер Герстен, генерал-майори амрикоӣ дар ҷаласаи Пентагон хабар додааст, соли гузашта ҳар моҳ то 1,5 - 2 ҳазор нафар ба сафи террористон мепайваст. Дар ҳоли ҳозир ин нишондод то ба 200 нафар поин омадааст. Инчунин, ба гуфтаи ӯ, шумори онҳое, ки аз сафи “Давлати исломӣ” фирор мекунанд, меафзояд.

Ба гуфтаи генерал, ин тамоюл - қисман натиҷаи талоши эътилофи хориҷӣ барои пешгирӣ аз сармоягузории гуруҳи террористӣ аст. Наздики 20 зарба ба мавқеи ҷангҷӯён имкон дод, ки сармояи пулии гуруҳ дар ҳаҷми тақрибан 800 миллион доллар маҳв шавад.

Генерал Герстен гуфт, роҳбарони “Давлати исломӣ” тавони пардохти пул ба зархаридонро аз даст доданд ва ин боис шуд, то руҳияи ҷангҷӯён шиканад. "Мо мушоҳида мекунем, ки онҳо тавони ҷанг карданро надоранд," - гуфт вай. Генерал аз баён кардани шумори ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия худдорӣ кард. Эътилофи хориҷӣ бо роҳбарии ИМА аз августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеи террористонро бомбаборон мекунад.

XS
SM
MD
LG