Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оламиён аз фоҷиаи Чернобил ёд мекунанд


Минтақаи мамнӯи Чернобил
Минтақаи мамнӯи Чернобил

Дар Украина ёди қурбониёни садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил гиромӣ дошта мешавад.

Садамаи Чернобил, ки 26 апрели соли 1986 рӯй дод, мудҳиштарин садама дар муассисаи ғайринизомӣ дар олам маҳсуб мешавад ва аз он Украина, Русия, Белорусия ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ осеб диданд. Як рӯз баъд аз садама ҳама сокинони шаҳри Припят ба минтақаи амн интиқол дода шуданд, баъдан аҳолии манотиқи даҳ километр дур аз Чернобилро кӯчониданд. Солҳои баъдӣ ҳукумати Шӯравӣ мардумеро, ки дар 30-километрии нерӯгоҳ мезистанд, ба дигар манотиқ интиқол дод.

Дар шаҳри Славутич, ки баъд аз фоҷиа барои кормандони неругоҳи Чернобил бунёд шуд, субҳи 26 апрел ба ёди фоҷиаи 30 соли пеш бонги изтироб садо дод.

Қарор аст, ки раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи сешанбе аз баъзе чорабиниҳои марбут ба ёди қурбониёни фоҷиаи Чернобил, аз ҷумла, дар ниёиш дар шаҳри Киев ширкат кунад.

Дар оромгоҳи Митинои шаҳри Маскав ба ёди фоҷиаи Чернобил маросими мотам баргузор хоҳад шуд. Дар ин оромгоҳ Гулгашти Шараф бунёд шудааст, ки дар он 28 сӯхторнишон аз Русия, Украина ва Белоруссия – қурбониёни фоҷиаи Чернобил, макони охират пайдо кардаанд.

Раисиҷумҳури Белоруссия Александр Лукашенко рӯзи 26 апрел аз манотиқи аз фоҷиаи Чернобил осебдида дидан мекунад. Раҳбари Ҷабҳаи халқии Белоруссия Алексей Янукевич дар Фейсбук навишт, ки шаҳрдории Минск барои баргузории ҳамоиши мухолифин ба ёди қурбониёни фоҷиаи Чернобил иҷоза додааст.

Ҳукумати ИМА тасмим гирифт, ки барои рафъи паёмадҳои садама дар нерӯгоҳи Чернобил ба таври иловагӣ 10 миллион долларро дар ихтиёри ҳукумати Украина гузорад. Дар ин бора сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА Ҷон Кирбӣ дар арафаи ёдбуди қурбониёни фоҷиаи Чернобил хабар дод.

XS
SM
MD
LG