Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарии ду тоҷик дар қатли раиси корхонаи Русия


Шаби якшанбеи 24 апрел мудири тиҷоратии корхонаи "Кирас"-и шаҳри Перми Русия Юрий Чубарев дар коттежи худ кушта шудааст.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса боздошт шудаанд. Бино ба иттилои бахши Кумитаи бозрасии Русия дар вилояти Перм, шаҳрвандони Тоҷикистон ба манзили ин марди 66-сола даромада ва ба бадани ӯ чанд бор корд задаанд. Сипас, аз манзили Юрий Чубарев 120 ҳазор рубл ва смартфонро ба яғмо бурдаанд.

Корхонаи "Кирас" зиреҳҳои ҳимоятӣ барои пулис ва низомиён истеҳсол карда ва аз корхонаҳои маъруфи Русия ҳисоб меёбад.

XS
SM
MD
LG