Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама намоишгоҳи Ҳановерро ифтитоҳ мекунад


Барак Обама ва Ангела Меркел рӯзи 25 апрел намоишгоҳи саноатии Ҳановерро ифтитоҳ хоҳанд кард.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ҳамроҳ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 25 апрел намоишгоҳи саноатии Ҳановерро ифтитоҳ хоҳанд кард.

Сарвари Амрико баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе, 24 апрел, вориди Олмон шуд. Барак Обама ва Ангела Меркел дар Ҳановер мулоқот карданд ва дар поёни он нишасти хабарии муштарак доир намуданд. Онҳо ба муҳим будани ҳамкории ИМА ва Олмон дар ҳалли мушкили муҳоҷират ҳамроҳ бо дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва ширкаткунандагони музокироти Женева оид ба ҳали низоъ дар Сурия таъктд намуданд. Ба гуфтаи хонум Меркел, мушкили муҳоҷират дар Аврупо - асосан паёмади низоъ дар Сурия аст.

Қарор аст, ки рӯзи душанбе нишасти сарони ИМА, Олмон, Фаронса, Италия ва Бритониё баргузор шавад. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин мулоқот Барак Обама, Ангела Меркел, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд, нахуствазири Италия Маттео Рентсӣ ва нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон рӯи ҷузъиёти созиши нави тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида тамаркӯз кунанд.

Намоиши эътирозӣ дар Ҳановер
Намоиши эътирозӣ дар Ҳановер

Зимнан, ин созишро гурӯҳҳои зиёде дар Аврупо қабул надоранд. Дар арафаи сафари Барак Обама ба Олмон дар шаҳри Ҳановер намоиши бузурги эътирозӣ алайҳи созиш оид ба Ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузори Трансатлантикӣ баргузор гардид. Барак Обама барои то охири сол имзо шудани ин қарордод талош дорад ва мегӯяд, ки он миллионҳо нафарро соҳиби кор хоҳад кард ва ҳамчунин боиси пойин рафтани нарху наво ва афзоиши табодули молу коло мегардад. Аммо мухолифини санад мутмаинанд, ки он боиси коҳиши ҷойҳои кор, пойин рафтани маош хоҳад шуд ва ба вазъи муҳитизистӣ низ таъсир хоҳад гузошт.

Ба иттилои полиси Ҳановер, дар намоиши эътирозӣ тақрибан 30 ҳазор нафар ширкат доштанд.

Бо ташриф ба Олмон сафари шашрӯзаи Барак Обама, ки ҳадафҳояш таҳкими равобит бо ҳампаймонҳо дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия дар Украина ва мусоидат ба рушди тиҷорати байнулмилалӣ арзёбӣ шудааст, поён меёбад.

Қабл аз вуруд ба Берлин ва дар поёни сафари расмияш дар Лондон, Барак Обама аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки фишор болои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро идома диҳанд. Ӯ дар як суханронӣ рӯзи 24 апрел гуфт, “Давлати исломӣ” бояд ба тадриҷ аз қаламрави ишғолкардаш ва ҳамчунин аз ду такягоҳаш – шаҳрҳои Мовсили Ироқ ва Раққаҳи Сурия берун карда шавад.

Обама ҳамчунин таъкид кард, ки истифодаи нерӯи пиёдагарди Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ барои сарнагун кардани раисиҷумҳури Сурия Башор Асад иштибоҳ мебуд, ба ҷойи ин бояд ба кишварҳое чун Русияву Эрон фишор овард, то ба интиқоли қудрати сиёсӣ дар Сурия муваффақ шуд.

Дар ҷараёни сафари серӯзааш ба Лондон Барак Обама ҳамчунин талош кард бритониёвиҳоро барои боқӣ мондан дар Иттиҳодияи Аврупо моил кунад. Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Би-Би-Си, ки 24 апрел пахш шуд, Барак Обама изҳор намуд, агар сокинони Бритониё дар референдуми рӯзи 23 июн барои аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо хориҷ шудани кишварашон шаванд, таҳияи созиши тиҷоратӣ миёни Бритониё ва ИМА аз панҷ то даҳ сол тӯл хоҳад кашид.

Ба гуфтаи Барак Обама, Бртониё аз боқӣ мондан дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар соҳаҳои гуногун манфиат мебинад – аз мубориза бо терроризм сар карда то рушди иқтисодиёт. Ба шумо ҳамчун дӯст мегӯям, Иттиҳодияи Аврупо Бритониёро боз ҳам бузургтар хоҳад кард, навиштааст Барак Обама дар матлабе дар нашрияи Дейли Телеграф, ки рӯзҳои сафараш ба Лондон нашр шуд.

XS
SM
MD
LG