Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон истеъфои ҳукуматро мехоҳанд


Дар шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдавия, рӯзи 24 апрел гирдиҳамоии эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳукумат, пароканда кардани парлумон ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ ҳамроҳ бо интихоботи раисиҷумҳур, шурӯъ шуд. Интихоботи президентӣ дар Молдавия рӯзи 30 октябр баргузор мешавад.

Эътирозгарон дар даст шиорҳои «Интихобот!», "Нест бод мафия!" ва "Нест бод ҳукумат!"-ро доранд.

Гирдиҳамоиро созмони «Шараф ва адолат» ташкил кардааст ва дар он, ба иттилои полис, 7-8 ҳазор нафар ширкат доранд, аммо созмондиҳандагон мегӯянд, ки теъдоди эътирозгарон даҳҳо ҳазор нафар аст.

Ба иттилои хабаргузории «Интерфакс»,ҳаракати нақлиёт тавассути маркази пойтахти Молдавия пурра қатъ шудааст. Созмондиҳандагон мегӯянд, ки кормандони полис ба даҳҳо ҳазор нафар ҷонибдоронашон иҷозаи вуруд ба пойтахтро надоданд.

XS
SM
MD
LG