Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи нав дар соҳилҳои Эквадор


Дар соҳилҳои Эквадор субҳи 23 апрел заминларзаи нав бо нерӯи 5,8 дараҷаи Рихтер рӯй дод. Ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, маркази заминларза дар 26 километрии ғарби шаҳри Муисне воқеъ буд. Дар бораи қурбониёни офати табиӣ ё хисороти воридшуда иттилое зери даст нест.

Заминларзаҳо дар соҳилҳои Эквадор чанд рӯз боз рӯй медиҳанд.

Мудҳиштарин заминларза шаби 16 апрел ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он дасти кам 600 нафар ҷон бохтанд. Ҳукумат ин заминларзаро шадидтарин баъд аз зилзилаи соли 1979 номидааст. Он вақт ҳам дар пайи заминларза 600 кас кушта ва 20 ҳазор сокини дигар маҷруҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG