Пайвандҳои дастрасӣ

"Бачабозҳо"-ҳоро ахтаи кимиёӣ интизор аст


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, тарҳи қонунеро имзо кард, ки ахтаи кимиёии нафарони гунаҳкор ба бачабозиро пешбинӣ мекунад.

Ин тарҳи қонун моҳи гузашта аз сӯи порлумони Қазоқистон ба тасвиб расида буд. Вакилон гуфтанд, ки қонун ба хотири "пешгирии инсон аз хушунати шаҳвонӣ ва таҷовуз" аз тариқи сӯзандору ворид кардани маҳлули кимиёиро пешбинӣ мекунад.

Ин тарҳи қонун, инчунин, анҷоми ислоҳи Кодекси издивоҷ, занушавҳарӣ ва оиларо дар назар дорад. Ин ислоҳот ташкили махзани ҷумҳуриявии иттилоъ дар бораи кӯдакони ятим ва фарзандони бе аз нигоҳубини волидон дурмондаро дар назар дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG