Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

28 кушта ва беш аз 300 маҷруҳ дар ҳамлаи Кобул


Толибон ба бинои хадамоти амнияти Афғонистон дар Кобул ҳамла карда, ба камияш 28 нафарро кушта ва бештар аз 300 каси дигарро маҷруҳ кардаанд. Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ ба бахши хабарии Осиёи Марказӣ гуфт, ҳамлаи 19 апрел баъд аз таркиши мошини боркаше, ки аз сӯи террористи маргталаб идора мешуд, шуруъ гардид.

Сардори пулиси Кобул Абдулраҳмон Раҳимӣ мегӯяд, аксаран мардуми осоишта кушта шудааст, зеро мошин дар истгоҳи оммавии назди хадамоти амният таркид. Яке аз ҷангҷӯёнро пулис куштааст.

Дар ин ҳамлаҳо ҳам сокинони осоишта ва ҳам нерӯҳои амниятии Афғонистон зиён дидаанд. Баъд аз чанд соати таркиши аввал шомгоҳ таркиши дувум рух дод, вале қурбоние дар пай надошт. Дар натиҷаи ин таркишҳо даҳҳо манзили истиқоматӣ, мағоза ва биноҳои ҳукуматӣ зарар дидаанд.

XS
SM
MD
LG