Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ҳамлаи Толибон ба сохтмони Раёсати амнияти милии кишвар 28 нафарро кушта ва беш аз 300 касро маҷрӯҳ бар ҷо гузошт. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки ҳамла аз таркиши як нафар маргталаби бомбгузор субҳи 19 апрел шурӯъ шуд ва дар пай гурӯҳи ҷангиён бо аслиҳа даст ба кор шуданд. Ҳадафи ҳамла – бахши ҳимоят аз мақомоти ҳукуматӣ дар назди Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Дар миёни қурбониҳо ҳам амниятиҳо ва ҳам афроди мулкӣ мебошанд. Масъулияти ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифтанд.