Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни Эквадор - 350 нафар


Ҳукумати Эквадор хабар медиҳад, ки шумори қурбониёни заминларзаи 16 апрел дасти кам ба 350 нафар расидааст. Ин заминларза дар соҳили уқёнуси Ором дар наздикиҳои Амрикои Ҷанубӣ рух дод.

Ҳукумат ин заминларзаро шадидтарин заминларзаи баъд аз соли 1979 номид. Дар соли 1979 дар пайи заминларза 600 кас кушта ва 20 ҳазор сокини дигар маҷруҳ шуда буд.

Мақомот аз он нигаронанд, ки дар заминларзаи охир мумкин аст теъдоди кушташудаҳо биафзояд, зеро бисёре аз қурбониён зери шикастпораҳо мондаанд.

Наҷотдиҳандагон аз Швейтсария, Испания ва кишварҳои дигари Амрикои Лотинӣ ба Эквадор дар ҷустуҷӯи гумшудаҳо кумак мерасонанд.

XS
SM
MD
LG