Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Тунис гелос содир мекунад


19 апрел анҷумани воридкунандагон ва содиркунандагони моли Қирғизистон бо номи «Кыргызлэнд» ва Утоқи тиҷоратии Тунис дар Маскав қарордодеро имзо мекунанд, ки тибқи он Қирғизистон ба Тунис гелосу чормағз содир мекунад.

Дар ҷавоб Тунис ба Қирғизистон равғани зайтун ва маводи дигари ғизоӣ содир мекунад. 19 апрел ҳамчунин дар «Фуд сити»-и Маскав Кохи тиҷоратии Тунис боз мешавад. Қирғизистон дар он майдонеро барои худ гирифтааст.

Дар рӯзҳои наздик майдонҳои тиҷоратии Арманистону Беларус ва Қазоқистон низ дар ин Кохи тиҷоратӣ боз мешавад. Гушоиши майдони тиҷоратии Қирғизистон дар ин кох имкон медиҳад, ки фаровардаҳои Қирғизистон мустақиман ба минтақаҳои Русия роҳ ёбанд.

XS
SM
MD
LG