Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Хуҷанд” ва “Ҳосилот” дар даври дувуми Лигаи олӣ


Дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Ҳосилот”-и Фархор дар даври дувуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон пирӯз шуданд.

Даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи 16 апрел бо ду бозӣ шурӯъ шуд, бо пирӯзии дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Ҳосилот”-и Фархор хотима ёфт.

«Хуҷанд» дар меҳмонӣ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 44-ум ба самар расонд.

“Ҳосилот”-и Фархор низ дастаи мизбон - “Равшан”-и Кӯлобро - бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро бозигарони собиқи «Равшан» Абдурасул Раҳмонов ва Мӯсо Содиқ заданд.

Се бозии боқимондаи даври дувум бегоҳи имрӯз, 17 апрел, доир мешавад. “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо “Барқчӣ”-и Душанбе, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон – “Хайр”-и Ваҳдат – вориди рақобат мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Равшан» – «Ҳосилот» – 0:2

Голҳо: Абдурасул Раҳмонов, 6 (0:1). Мӯсо Содиқ, 20 (0:2).

Огоҳонида шуданд: Абубакр Азимов, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Орзу Додхудоев, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).

Бозигари беҳтарин: Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

16 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

ССКА «Помир» – «Хуҷанд» – 0:1

Гол: Фарҳод Тоҳиров, 44.

Огоҳонида шуданд: Шодибек Ғаффоров, Парвиз Қашқаров (ССКА «Помир»), Манучеҳр Аҳмадов, Илҳом Баротов, Фирӯз Юсуфов, Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»).

Бозигари беҳтарин: Фарҳод Юлдошев («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

16 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи ССКА.

17 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Вахш» – «Хайр»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

2

0

0

3-1

6

2

«Ҳосилот» (Фархор)

2

1

1

0

4-2

4

3

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

4-0

3

4

«Хайр» (Ваҳдат)

1

1

0

0

4-0

3

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

2-1

3

6

«Барқчӣ» (Душанбе)

1

0

1

0

2-2

1

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1

0

0

1

1-2

0

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

0

0

2

1-3

0

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

1

0

0

1

0-4

0

10

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

0

2

0-6

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Агблей Ҷонес («Хайр») – 3 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 2 тӯб.

XS
SM
MD
LG