Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ниммарафони Душанбе хориҷиҳо дастболо шуданд


Тӯҳфаҳои Убайдуллоев ба ғолибони ниммарафони Иди пойтахт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати Иди пойтахт ниммарафони байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тақрибан 15 кишвар ширкат карданд.

Рӯзи 16-уми апрел бахшида ба Иди пойтахт дар маркази шаҳри Душанбе аз соати 9-субҳ то 11 бо ширкати шумораи зиёди варзишгарон нимамарафон баргузор шуд. Ин ниммамарафон, ки аз соли 2010 инҷониб баргузор карда мешавад, аз "Наврӯзгоҳ", воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз ёфт ва то хатти маррааш, ки "Майдони Дӯстӣ" дар маркази Душанбе аст, ҷараён гирифт.

Дар нимамарафони Душанбе имсол ба ҷуз аз давандаҳои тоҷик, варзишкорон аз тақрибан 15 кишвари дунё, бо шумули Русия, Беларус, Афғонистон, Эрон, Канада, Амрико, Фаронса ва кишвари африқоии Кения ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқаи дав, ки масофаи 21,97 км-ро дарбар мегирифт, миёни мардон ҷойҳои аввал ва дувум насиби Кибого Вилсон аз Кения ва Андрей Петров аз Узбакистон шуд. Иван Бабарика аз Украина ва Ҳасан Ғаффоров аз Тоҷикистон чойҳои севум ва чаҳорумро касб карданд. Ҷойи панҷум насиби Имашев Алмат аз Қазоқистон ва ҷойи шашум насиби Владислав Мамедов аз Узбакистон шуд.

Дар байни занон аввалин шуда Даря Маслова аз Қирғизистон ба марра расид. Ҷойи дуюмро Жанатбек Гулжанат аз Қазоқистон, ҷойи сеюмро Олга Котовская аз Украина, ҷойи чорумро Карабитская Мария аз Қирғизистон, ҷойи панҷумро Курия Милитсен аз Кения ва ҷойи шашумро Хашлевская Марина аз Узбакистон ба даст оварданд.

Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, баъд аз зӯҳри 16-уми апрел дар бинои «Душанбе Плаза» тайи як маросими вижа, ғолибони озмуни 7-умин ниммарафони байналмилалии Душанберо бо тӯҳфаҳои пулӣ ва дипломҳо, қадрдонӣ намуд.

Ниммарафон ба муносибати Иди пойтахт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

XS
SM
MD
LG