Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии Тоҷикистон дар нишасте дар донишгоҳи Сорбонн


Дар донишгоҳи Сорбонни Порис бо ибтикори сафоратҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистон конфаронсе дар робита ба рушду тавсеъаи ҳузури Фаронса дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар суханронияш дар ин конфаронс, ки дар он ба ҷуз устодону донишҷӯён мақомоти давлатӣ ҳам ширкат доштанд,рӯи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ тамаркӯз кард.

Дипломати тоҷик аз тоҷирони фаронсавӣ даъват кардааст, ки саҳми сармоягузорони ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон боз ҳам густурдатар бошад.

Дар сӯҳбати зиндаву ошкоро бо устодони донишҷӯёни яке аз мӯътабартарин донишгоҳҳои Аврупо на фақат дар бораи рушду имкониятҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан рафт, балки таваҷҷуҳро ба мавзӯи ҷаҳонгардӣ ҳам ҷалб намудем, афзуд Ҳомидҷон Назаров. .

Бо назардошти таваҷҷуҳи аврупоиҳо, ба вижа, фаронсавиҳо ба тарҳи Роҳи Абрешим ва ба таърихи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос доранд, дипломати тоҷик пешниҳод намуд, ки ҳамин гуна як конфаронс дар донишгоҳи Сорбонн бо ҳузури намояндагони ширкатҳои сайёҳии Фаронса ҳам баргузор шавад.

Ба гуфтаи Ҳомидҷон Назаров, Фаронса ҳоло дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёрео рӯи даст дорад, аз ҷумла, ширкати Тотал ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул аст. Ин ширкат 33 дар сади саҳмияҳои ширкатеро харидааст, ки ҳаққи истихроҷи майдони азими нафти “Бохтар” дар вилояти Хатлонро дар ихтиёр дорад.

Муассисаи фаронсавии “Койне энд Беллер” ташхиси фаннии нерӯгоҳи Роғунро анҷом дод ва ширкатҳои дигари фаронсавӣ барои иштирок дар озмуни бунёди нерӯгоҳи Роғун дархост додаанд.

Ширкати “Ашан-Шивер” бошад барои бунёди нахустин гипермаркет ё фурӯшгоҳи бузург дар Тоҷикистон 41 миллион сомонӣ ё 7 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Фаронса, қарор аст, ки ин фурӯшгоҳи бузург аввалҳои тобистони ҳамин сол ифтитоҳ шавад.

“Обертур технолоҷиз”, яке аз калонтарин ширкатҳои Фаронса, ки ба 140 кишвари дунё, барои шиносномаву дигари санадҳо тароша ё чипи компютерӣ месозад, тасмим дорад, хадамоти худро ба Тоҷикистон пешниҳод кунад.

Ҳамчунин ҳукуматҳои Фаронсаву Тоҷикистон музокиротро дар мавриди радарҳои замонавии тавлиди Фаронса барои фурудгоҳҳои Тоҷикистон идома медиҳанд, гуфт дар поёни сӯҳбат сафири Тоҷикистон дар Порис.

XS
SM
MD
LG