Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон рекламаи дору манъ шуд


Тибқи қонуни ҷадид дар бораи фаъолияти таблиғотӣ ё рекламӣ шурӯъ аз имрӯз 15 апрел дар воситаҳои ахбори умум таблиғ ё рекламаи дору ва таҷҳизоти тиббӣ мамнӯъ шуд. Ҳоло рекламаи дору ва маводи мухталифи тиббӣ танҳо дар нашрияҳои махсус барои пизишкону дорусозон чоп хоҳад шуд.

Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, дар расонаҳо таблиғи ғизои кӯдакона, табибони тибби мардумӣ, нӯшокиҳои энергетикӣ, хизматҳои хусусияти шаҳвонидошта, силоҳ, маводи тарканда ва казино мамнӯъ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG