Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон


Дар ҷараёни мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Мелис Турганбоев, вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои ниҳодҳои қудратӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вазирони корҳои дохилии ин ду кишвар дар ҷаласаи аввалини Мушовараи ВКД-и Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзҳои 15-16 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд, ширкат мекунанд.

Зимнан, вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон тибқи як фармоиши муштарак дар 3 июни соли гузашта дар мавриди баргузории ҷаласаи мушовараи якҷоя тавофуқ карда буданд.

XS
SM
MD
LG