Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Ереван алайҳи Маскав барои фурӯши аслиҳа ба Боку


Садҳо нафар дар Ереван алайҳи харидуфурӯши аслиҳа миёни Озарбойҷону Русия эътироз карданд. Онҳо мегӯянд, ки ин муомила сабаби даргириҳои охир дар Қарабоғи Кӯҳӣ шудааст.

Садҳо нафар дар Ереван, пойтахти Арманистон, алайҳи фурӯши аслиҳа аз сӯи Русия ба Озарбойҷон эътироз карданд. Онҳо дар ин тазоҳуроти 13 апрел иддао карданд, ки фурӯши аслиҳа сабаби даргириҳои рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ шудааст.

Эътирозгарон, ки аксарашон ҷавон буданд, ба сӯи сафорати Русия дар Ереван раҳпаймоӣ намуда, шиорҳоеро чун "Шарм бод" ва "Озодӣ, истиқлолияти Арманистон" сар доданд. Бархе аз онҳо ба сӯи бинои сафорат тухм низ партоб карданд.

Дар матни изҳороти эътирозгарон қатъи фурӯши ҳар гуна силоҳҳои русӣ ба Озарбойҷон тақозо шудааст. Дар ин изҳорот, инчунин, аз Маскав талаб шудааст, ки вазифаашро дар мавриди ҳампаймонии низомӣ бо Арманистон риоя бикунад.

Эътирози садҳо нафар дар Ереван
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

Русия бар асоси як қарордоди 4 миллиарддолларӣ давоми солҳои 2009 то 2011 ба Озарбойҷон танк, чархболи ҷангӣ, силоҳи артиллерӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро фурӯхтааст.

Ҳукумати Арманистон баъд аз даргирии рӯзи 2 апрел дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ки боис ба кушта ва маҷрӯҳ шудани беш аз 65 сарбози арманӣ шуд, ба таври ошкоро аз ҳукумати Русия барои фурӯхтани таҷҳизоти ҷангӣ ба Озарбойҷон интиқод кард.

Аммо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ҳафтаи гузашта ҳини сафари худ ба Ереван аз тасмими ҳукумати он кишвар дар мавриди фурӯши аслиҳа ба Озарбойҷон дифоъ намуд ва гуфт, ки он ба манзури "мувозинати ҳарбӣ" сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, агар Маскав ба ин ду кишвар аслиҳа нафурӯшад, онҳо аз дигар кишвар онро харидорӣ хоҳанд кард. Русия яке аз кишварҳои таъминкунандаи силоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон низ мебошад.

Ба гуфтаи таҳлилгари сиёсии арман Стёпа Сафарян, ғазаби Ереван аз муолмилаи фурӯши аслиҳа миёни Озарбойҷон ва Русия ин аст, ки Арманистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ асту Озарбойҷон - на. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "Русия шарики стратегии Арманистон аст, аммо Ереван дар ҳодисаҳои охир мушоҳида кард, ки вақте ба кумаки низомии Русия ниёз дорем, Маскав ҳамчун "сулҳбон" зоҳир мешавад."

Ин таҳлилгари арман далел овард, ки муомилаи таслиҳотӣ миёни Озарбойҷон ва Русия, ба Боку бовар бахшид, то дар аввалҳои моҳи апрел дар Қарабоғи Кӯҳӣ амалиёти ҷангиро оғоз бикунад.

XS
SM
MD
LG