Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбаст дар ташкили ҳукумати нави Украина


Владимир Гройсман
Владимир Гройсман

Музокирот оид ба таъсиси ҳукумати нави Украина ба бунбаст ворид шудаст. Дар ин бора вакили Верховная рада Сергей Лешенко рӯзи 12 апрел хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол Владимир Гройсман ва маъмурияти раисиҷумҳур дар бораи таъини вазирҳои ба худашон содиқ баҳс мекунанд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки раиси Верховная рада ва довталаби курсии нахуствазири Украина Гройсман тақрибан ҳама мақомҳо дар ҳукумати навро ҳамоҳанг кардааст. Сухангӯи ӯ Дмитрий Столярчук рӯзи 12 апрел дар Твиттер навишт, ки Гройсман ба боқӣ мондани гурӯҳи ислоҳотхоҳон дар ҳукумат муваффақ шудааст.

Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 10 апрел изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад. "Ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳам. Аризаам дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 апрел ба Верховная Рада ироа мешавад», гуфт ӯ дар барномаи телевизионии "10 дақиқа бо нахуствазир».

Аммо 12 апрел аризаи Ятсенюк дар парлумон баррасӣ нашуд. Қарор аст, ки мавзӯъи истеъфои Ятсенюк ва таъини нахуствазири нав рӯзи панҷшанбе, 15 апрел матраҳ шавад,

Дар бораи сабаби истеъфояш Арсений Ятсенюк гуфт, ки бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар ба таври сунъӣ эҷод шудааст ва хоҳиши иваз кардани як шахс чашми сиёсатмадоронро хира намудааст, раванди тағйири ҳукумат бошад ба як дави бемаънӣ дар як ҷо табдил шудаст. Аммо ӯ аз сиёсатмадоре ном набурд.

XS
SM
MD
LG