Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубин Эргашев: Мехоҳем, ки барои бохт интиқом бигирем


Мубин Эргашев
Мубин Эргашев

Имрӯз, 11 апрел, пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо тими “Нафт Ал-Васат”-и Ироқ дар Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.

Пеш аз бозии дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё (AFC)-2016 бо тими “Нафт Ал-Васат”-и Ироқ рӯзи душанбеи 11 апрел дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” нишасти хабарӣ доир шуд.

Дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон иброз дошт, ки мекӯшанд муқобили рақиби пурқуввати худ хуб бозӣ кунанд. Вай афзуд, “ҳамаи мо пазмони футболи калон шудаем. Баъди бохтҳои паиҳами бошгоҳи мо ва мунтахаби миллии кишвар, ман фикр мекунам, ки бозии фардоина тамошобоб хоҳад шуд. Мутаассифона, ду бозигари калидии мо – Нуриддин Давронов ва Аҳтам Назаров, ки кортҳои бештари зард гирифтаанд, дар бозӣ ширкат намеварзанд. Вале ҷойгузини онҳо ҳастанд. Дар бораи рақибамон гуфтаниам, ки дастаи ҷиддист. Мо огаҳем, ки «Нафт Ал-Васат» ҳоло дар мусобиқаи қаҳрамонии Ироқ хуб бозӣ мекунад. Даста дар ду бозии охир ду пирӯзӣ ба даст овардааст. Медонем, ки даста ба Душанбе бо ҳайати пурра ва бо мақсади ҷиддӣ омадааст. Вале мо мехоҳем барои бохти худ дар меҳмонӣ интиқод бигирем ва худро дар назди мухлисонамон сафед кунем.”

Мубин Эргашев: Мехоҳем, ки барои бохт интиқом бигирем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Фалаҳ Ҳасан, сармураббии “Нафт Ал-Васат”, ба хабарнигорон гуфт, “мо алъон ду ҳадаф дорем. Як ҳадафамон дар Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё пирӯз шудан аст. Ҳадафи дигари мо муваффақ гаштан дар мусобиқоти қаҳрамонии Ироқ мебошад. Ин албатта ба омодагии ҳарчи бештари бозигарони мо бастагӣ дорад. “Истиқлол” тими хубу пурқувват аст. Бо мухлисони худ дар майдони хеш сахттар бозӣ хоҳад кард. Бинобар ин фардо моро бозии муҳим дар пеш аст. Бозӣ ҳам барои мо ва ҳам барои рақибамон вазнин мешавад. Мо ба ин ҷо барои се имтиёз омадаем. Дар мавриди пирӯзӣ дар бозии фардоина мо барои аз гурӯҳ баромадан шанси хуб пайдо мекунем. Мекӯшем, ки ғолиб шавем.

Фалаҳ Ҳасан (аз чап)
Фалаҳ Ҳасан (аз чап)

Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Нафт Ал-Васат» рӯзи сешанбеи 12 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шурӯъ мешавад.

Cардовари бозии “Истиқлол” - «Нафт Ал-Васат» Салоҳ Аббос Ал-Аббосӣ аз Баҳрайн мебошад. Алӣ Ҳамад ва Хусам Ал-Ҳамад, ҳарду аз Сурия, ёварони сардовар таъин шудаанд. Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусайн Муҳаммад аз Баҳрайн довари эҳтиётӣ, Виктор Колпаков аз Қирғизистон нозири доварон ва Алӣ Ҷабраил аз Фаластин комиссари бозӣ мебошанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” баъди анҷоми ин бозӣ тамошобинон метавонанд дар бозии лотереяи варзишӣ, ки аз рӯи билети даромад ба варзишгоҳ баргузор мешавад, ширкат варзанд. Се адад телефони мобилии “Samsung Galaxy” бурдҳои ин лотереяи варзишӣ мебошад. Нархи билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 20 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, бозии даври севуми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва тими «Нафт Ал-Васат»-и Ироқ 15 март дар майдони бетараф, дар варзишгоҳи «Пас»-и шаҳри Теҳрон, бо пирӯзии ироқиҳо бо ҳисоби 2:0 ба поён расида буд.

Дар ҳамин ҳол “Нафт Ал-Васат” бо 6 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” дар мақоми аввал аст. «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бо 5 имтиёз дар мақоми дувум ва «Триполи»-и Лубнон бо 4 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд. “Истиқлол” бошад, бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум ҷойгир шудааст.

Дар бозии дигари гурӯҳи "В" рӯзи 12 апрел «Ал-Файсалӣ» дар майдони худ бо «Триполи» рақобат мекунад.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

3

2

0

1

4-2

6

2.

«Ал-Файсалӣ» (Урдун)

3

1

2

0

3-2

5

3.

«Триполи» (Лубнон)

3

1

1

1

3-3

4

4.

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

0

1

2

1-4

1

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

XS
SM
MD
LG