Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арсений Ятсенюк ба истеъфо меравад


Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк изҳор намуд, ки ӯ ба истеъфо меравад. Изҳороти ӯ дар ин бора рӯзи 10 апрел нашр шуд. "Ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми нахуствазир истеъфо диҳам. Аризаам дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 апрел ба Верховная Рада ироа мешава"д, навиштааст Ятсенюк.

Ба гуфтаи нахуствазир, фраксияи Эътилофи Петро Порошенко ба мақоми раиси кобинаи вазирон номзадии Владимир Гройсманро пешбарӣ кардааст.

Арсений Ятсенюк афзудааст, ки фраксияи ӯ “Ҷабҳаи мардумӣ” тайи ду сол ваҳдат, масъулият барои ҳар ҳарфи худ ва тавони ҳалли масъалаҳои мушкилро собит кард. Аз ин рӯз ба баъд ман вазифаҳои худро назар ба ваколатҳои нахуствазир густурдатар мебинам, изҳор намуд Арсений Ятсенюк,

XS
SM
MD
LG