Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи нави муосидат ба татбиқи системаи ягонаи сабтиноми моликияти ғайриманқул дар Тоҷикистонро қабул кардааст. Ҳазинаи ин лоиҳа 10 миллион доллар аст.
Бино ба изҳороти матбуотии ин бонк, Патрисия Виверс-Картер, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 4 апрел гуфтааст, "беш аз 10 сол аст, дар татбиқи ислоҳоти замин, бахусус, дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ва додани сертификат ба истифодакунандагони замин кумак мекунем. Ин амр ба рушди бахши хусусӣ мусоидат кардааст. Зеро замин ба гарав гузошта шуда, барои хонаводаҳо ва соҳибкории хусусӣ имкони дастрасии бештар ба маблағгузориро фароҳам мекунад."
Гуфта мешавад, пурзӯр шудани кафолатҳои ҳуқуқии соҳибӣ ва истифодабарӣ гарави бехатари моликияти ғайриманқулро таъмин карда ва дар натиҷа, заминаро барои сармоягузории истеҳсолӣ, рушди соҳибкорӣ ва эҷоди ҷойҳои кор фароҳам хоҳад кард.
Корхонаи воҳиди давлатии барӯихатгирии моликияти ғайриманқул бо Кумитаи давлатии истифодаи замин ва геодезии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2016 то моҳи октябри соли 2010 ин лоиҳаро татбиқ хоҳанд кард. Ҳоло 24 тарҳи Бонки Ҷаҳонӣ ба маблағи умумии 405 миллион доллар дар бахшҳои хусусӣ, маориф, тандурустӣ, хидматҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.