Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар зиндони вилояти Свердлови Русия


Мақомоти маҳалии вилояти Свердлови Русия расидагӣ ба сӯхтор дар як зиндон ин минтақаро оғоз кардаанд. Шаби гузаштаи 3 апрел дар ин зиндон сӯхтор ба вуҷуд омадааст.

Шӯълаи оташ дар биноҳои иқоматии зиндон водор сохт, ки аз зиндони рустои Белый Яр бештар аз 100 нафар зиндониёнро берун оранд.

Мақомоти Русия мегӯянд, як бинои дутабақаи нигаҳдории зиндониён бо масоҳати 400 метри мураббаъи зист хароб шудааст. дар бораи сабабҳои сӯхтор ва шумораи осебдидагон то ҳол гузориш надодаанд.

Оташнишонҳо тамоми шаб бо хомшӯш сохтани оташ машғул буданд ва дар саоти 3 бомдод ба онҳо муяссар шуд, ки оаташро фурӯ нишонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG