Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркин: Савченко шояд иваз карда шавад


Владимир Маркин, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия, эҳтимоли табдили низомии украинӣ Надежда Савченко ба шаҳрвандони Русияро баъйид намедонад.

Ӯ дар як гузориш барои нашрияи «Вечерний Челябинск» рӯзи ҷумъа, 1 апрел навишт, "албатта, адолат тақозо мекунад, ки Надежда Савченко 22 солро паси панҷара сипарӣ кунад. Аммо агар табдили ӯ барои аз чанги Киев халос кардани одамони хубу бовиҷдон мусоидат кунад, метавон аз ин иқдом кор гирифт". Аз рӯи қонун, ба гуфтаи Владимир Маркин, роҳи ягона – интиқоли Савченко барои адои ҷазо дар ватанаш аст. Аммо дар сурати табдили Савченко Киев ҳама қонуну қарордодҳоро зери по намуда, ӯро раҳо хоҳад кард, мутмаин аст намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко изҳор карда буд, ки Киев барои бо ду шаҳрванди Русия Александр Александров ва Евгений Ерофеев иваз кардани Савченко омода аст. Ин ду низомии рус соли гузашта дар минтақаи амалиёти вижа дар Донбасс боздошт шуда буданд.

Надежда Савченко рӯзи 21 март бо ҳукми додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия ба 22 соли зиндон ва ҷаримаи 30 ҳазор рубл маҳкум шуд. Ӯ ба ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии русӣ (ВГТРК) - Антон Волошин ва Игор Корнелюк, сӯиқасд ба ҳаёти наворбардор Виктор Денисов ва убури ғайриқонунӣ аз марзи Русия айбдор шудааст.

Надежда Савченко ҳукми додгоҳро қабул надорад ва аз болои он шикоят карданӣ нест.

XS
SM
MD
LG