Соати 14.30-и рӯзи панҷшанбеи 31-уми март дар шаҳри Душанбе боди тунде варзид, ки бар асари он шохҳои бархе аз дарахтон шикастанд. Сипас жолаи сахт борид ва баргу гулҳои дарахтонро ба замин резонд. Аз манотиқи мухталифи шаҳри Душанбе корбарони сайти Радиои Озодӣ дар бораи рух додани ҳамчунин ҳодисаи табиӣ хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол дар мавриди хисороти ворида аз тундбоду жола маълумоте нарасидааст. Ба гуфтаи ӯ, феълан кормандони ин ниҳод ба маҳалҳо рафта ва дар назар аст, пас аз муддате дар бораи оқибатҳои ин ҳодисаҳои табиӣ маълумот диҳанд.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, субҳи рӯзи гузашта дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд низ тундбоде вазида, бомҳои беморхонаи марказӣ, таваллудхона, маркази саломатӣ ва чанд манзили хусусиро хароб карда буд.
Зимнан, рӯзи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сокинони кишварро огоҳ карда буд, ки дар рўзҳои аз 31 март то 2 апрели солиҷорӣ ҳаво дар миқёси Тоҷикистон ноустувор гардида, "боришоти борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани жола, дар доманакўҳҳо омадани сел, фаромадани тарма, сангрез ва ярч пешгўӣ шудааст".
Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ин давра аз рўи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеҳҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.