Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро раҳбарони мухолифини қирғиз боздошт шуданд?


Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Қирғизистон паси дарҳои баста масъалаи додани замин ба Узбакистонро баррасӣ кард. Дар ин бора гӯё ҳукумати Қирғизистон протоколе ба тасвиб расондааст.

Парлумони Қирғизистон паси дарҳои баста масъалаи додани замин ба Узбакистонро баррасӣ кард. Дар ин бора гӯё ҳукумати Қирғизистон протоколе ба тасвиб расондааст. Кумитаии дифоъ ва амнияти парлумони Кирғизистон баъд аз ин ҷаласа ба Додситонии кулл супориш додааст, ки дурустии чунин протоколро тафтиш кунад. Гуфта мешавад, ки дар ин пораи замин як истгоҳи радиоӣ бо номи «Кербен-24» ҷой гирифтааст ва акнун бояд Қирғизистон аз ин пораи замин истгоҳи худро кӯч диҳад ва замин дар ихтиёри Узбакистон мемонад.

Ин ҷаласаву мулоқот ва тафтишҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки раҳбарони мухолифони сиёсии Қирғизистон бар зидди ин протоколи ҳукумат эътироз кардаанд ва ҳатто эълон карданд, ки даст ба эътирози беохир хоҳанд зад. Ба дунболи он, чаҳор нафар раҳбарони мухолифон боздошт шудаанд, ки дар миёни онҳо Бектур Асанов-раиси пешини як вилоят, Кубаничбек Қодиров-муовини пешини вазири дохила низ ҳастанд. Раҳбарии умумии мухолифонро Азимбек Бекназаров-Додситони кулли пешини Қирғизистон бар ӯҳда дорад.

Дар мусоҳибае бо Азиза Абдурасулова - фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон дар Бишкек пурсидам, хабарҳои охир дар бораи раҳбарони мухолифон чӣ аст?

Абдурасулова: Дар айни замон чаҳор нафари онҳо боздошт шудаанд ва як нафари дигар, яъне Топчубек Тургуналиевро барои боздошт ҷустуҷӯ эълон кардаанд. Ҳамаи онҳоро барои талоши табадуллоти давлатӣ ва талоши сарнагун кардани ҳукумат гунаҳгор эълон карданд. Тибқи қонунҳои Қирғизистон ин иттиҳоми ҷиддист ва барои талоши гурӯҳии табаддулот аз 12 то 20 соли ҳабс пешбинӣ мешавад.

Озодӣ: Баъзе расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки гӯё Азимбек Бекназаров-яке аз шахсиятҳои номдор низ боздошт шудааст. Шумо дар ин бора чӣ хабар доред?

Абдурасулова: Азимбек Бекназаров боздошт нашудааст ва вайро дар ҷустуҷӯ ҳам эълон накардаанд. Вай дар озодист. Чаҳор нафари дигарро боздошт кардаанд. Онҳоро барои талоши табадуллоти давлатӣ муттаҳам медонанд. Вале дар Қонуни Асосии мо омадааст, ки фаъолияти мухолифони сиёсӣ иҷоза дода мешавад ва онҳо ҳақ доранд, ки ба ҳукумату парлумон ва раиси ҷумҳур барои ишғоли курсиҳо шахсонеро пешбарӣ кунанд. Мухолифон ҳам ҳақ доранд, ки дар идораи умури ҳукумативу давлатӣ саҳм дошта бошанд. Мухолифон қасди табудуллоти давлатӣ надоштанд, балки баъзе масъалаҳоро барои баррасӣ дар Қурултой омода мекарданд.

Озодӣ: Ниҳодҳои амниятӣ эълон кардаанд, ки сабти сӯҳбати Азимбек Бекназаровро пайдо карданд ва вай дар он ҷо мегӯяд, ки бояд «Белий Дом»-ро (бинои ҳукуматро) бигиранд ва роҳи баргашт вуҷуд надорад.

Абдурасулова: Агар вай ин тавр гуфта бошад, он ба чунин маъност, ки гуфтаашро амалӣ накардааст. Ҳар чӣ гуфтан мумкин аст ва танҳо дар он сурат гуфтаҳо ҷиноят дониста мешавад, ки агар он ба иҷро дарояд ё талоши иҷро дида шавад. Дар қонуни мо шахсро барои иҷрои амал ба додгоҳ мекашанд, на барои чизе гуфтан. Масалан, ман ҳам метавонам бигӯям, ки раиси ҷумҳур бояд истеъфо диҳад, Ин сухан аст ва дар он амал дида намешавад.

Озодӣ: Оё ин раҳбарони мухолифон дар Қирғизистон ҷонибдорони зиёд доранд?

Абдурасулова: Масалан, ман шахсан бо онҳо барои забти бинои ҳукумат намеравам. Ман мехоҳам, ки ҳукумат сулҳомез ва аз роҳҳои демократӣ аз як гурӯҳи сиёсӣ ба гурӯҳи дигар бигзарад. Мардум худашон бояд интихоб кунанд. Бо назардошти баҳори араб, ҳодисаҳои Сурия ва расидани таркишҳо то ба домани Аврупо дар Брюсселу Порис, мо ин корро намекунем. Бо назардошти ин, барои табдили ҳукумат касе аз қирғизҳо барои ҳамла ба Белий Дом» ё бинои ҳукумат намераванд.

XS
SM
MD
LG