Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Бан Ки Мун барои ҳамбастагӣ бо паноҳҷӯён


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз ҳамаи кишварҳои узв хост, ки ҳамбастагӣ нишон диҳанд ва то соли 2018 тақрибан ба ним миллион паноҳҷӯёни Сурия ҷой диҳанд.

Бан Ки Мун ин нуктаро дар оғози конфронси вазирон дар Женева изҳор дошт. Ин конфронс бо ташаббуси Ожонси паноҳандагони СММ 30 март дар Женева оғоз ёфт.

Дар давоми ҷанги панҷсолаи Сурия тақрибан 250 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди 5 миллион нафар дар кишварҳои дигар паноҳандагӣ гирифтаанд.

Пеш аз конфронси Женева моҳи феврал дар Лондон низ чунин конфронс баргузор шуд ва кишварҳои ҷаҳон қавл доданд, ки барои кӯмак ба беҷошудагони ҷанг 11 миллиард доллар ёрӣ мерасонанд.

XS
SM
MD
LG