Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Қирғизистон


Дастаи мунтахаби миллии футболи Қирғизистон дар бозиҳои интихоботии Ҷоми Ҷаҳонии соли 2018 дар Душанбе тими мунтахаби Тоҷикистонро шикаст дод.

Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Голи нахустин дар ин бозиро дар дақиқаи 18-ум ҳамлагари тими мунтахаби Қирғизистон Виталий Люкс ба дарвозаи бозингарони тоҷик ворид кард.

Ёдовар мешавем, ки барои тими Қирғизистон ин охирин бозӣ дар сабқати интихобии ҷоми ҷаҳонии соли 2018 буд.

Қирғизистон баъд аз Австралия ва Урдун дар ҷойи севум қарор дорад ва имкони баромадан ба даври дигари сабқатро надорад.

Қирғизистон дар гурӯҳи В бо тимҳои Австралия, Урдун, Тоҷикистон ва Бангладеш рақобат кард.

XS
SM
MD
LG