Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири ду қонун барои ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳо


Вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштушдаҳо ба ду қонун ислоҳот ворид хоҳанд кард.

Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – ба зудӣ ба ду қонун ислоҳот ворид хоҳад кард, ки ба қавли вакилон пеш аз ҳама барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо муҳим будааст. Ин ислоҳот ба қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид мешавад.

Бар асоси тарҳи ин тағйирот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф мешаванд, ки ба ҳангоми боздошти гумонбарҳо пайвандони онҳоро дар ҷараён бигузоранд. Инчунин, пешбинӣ шудааст, ки дар протокол ному насаби корманди масъули мақомот навишта шавад.

Мавлуда Қаландарзода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин ислоҳот бо ҳадафи ҳимоят аз шахсони боздоштшуда ва "баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти интизомӣ" ворид мешавад. Ӯ гуфт, "ин ба хотири он аст ки минбаъд агар шиканҷа ва ё дигар бадрафторӣ сурат бигирад ошкор гардиданумуайян кардани шахси масъул осонтар шавад. Ҳамчунин дар протокол шахси масъул бояд зикр намояд, ки дар хусуси дастгир кардани шахс, кадом аъзои оила ӯро ва тариқи кадом рақам хабардор кардааст."

Дар баробари ин, ба қавли Мавлуда Қаландарзода, ислоҳоти ворида, кормандони ҳифзи ҳуқуқро муваззаф мекунад, ки фавран боздоштшударо бо вакили дифоъ таъмин карда, сӯҳбати танҳо ба танҳои онҳоро муҳайё бикунанд.

Парлумон, инчунин, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйирот ворид карданист. Тибқи он, нишондоде, ки тариқи шиканҷа ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ аз гумонбаршудагон гирифта мешавад, дар сурати собит шуданаш, беътибор дониста мешавад. Ба гуфтаи Мавлуда Қаландарзода, "минбаъд ҳангоми ҷойгир намудани гумонбаршуда дар боздоштгоҳи мувақаттӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ муоинаи тиббии ӯ аз ҷониби кормандони тиб гузаронда мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳақ доранд, талаб намоянд, то ин муоинаи тиббиро пизишки мустақил ва ё коршиноси судӣ-тиббӣ гузаронад."

Шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон мавзӯест, ки дар гузоришҳои созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳамеша мояи интиқодҳо аз Душанбе мешавад. Дар соли 2012 ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин мавридҳо дар кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсуси шиканҷа низ шомил карда шуд, вале то кунун бар асоси он танҳо як нозири милиса аз ноҳияи Ёвон ҳукми зиндон гирифтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксари ҳолатҳо дар Тоҷикистон маъмурони муттаҳам ба бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон бо банди “берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ”, ки ҷазояш сабуктар аст, ба масъулият кашонда мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар чанд соли охир дар Тоҷикистон ба камияш 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.

Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.

Наздикони Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба таври мармуз фавтид, низ баъди марги ӯ аз сарраёсати зиндонҳо ва вазорати адлия 10 миллион доллар талаби ҷуброн карданд, вале додгоҳ даъвои онҳоро рад кард.

XS
SM
MD
LG