Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Сандерс аз болои Клинтон дар се аёлат


Бернӣ Сандерс
Бернӣ Сандерс

Бернӣ Сандерс дар сабқат барои дарёфти мақоми номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА дар се аёлат пирӯз шуд. Рӯзи шанбе, 26 март, демократҳо дар Аляска, Вошингтон ва Ҳавайи кокус ё ҷаласаҳои ҳизбӣ баргузор карданд.

Дар Аляска аз Бернӣ Сандерс беш аз 79 дар сад пуштибонӣ карданд, Ҳилларӣ Клинтон ба дарёфти тақрибан 21 дар сади раъйҳо муваффақ шуд. Дар аёлати Вошингтон беш аз 74 дар сад ба Сандерс ва 25 дар сад ба хонум Клинтон овоз доданд. Ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, Бернӣ Сандерс бо дарёфти 71 дар сади овозҳо дар аёлати Ҳавайи ҳам пирӯз шуд. Дар ин аёлат ба Ҳилларӣ Клинтон 21 дар сади вакилон раъй доданд.

Дар сабқат барои дарёфти мақоми Ҳизби демократ дар интихоботи президентӣ Ҳилларӣ Клинтон ҳамоно пешсаф аст ва то ҳол аз пуштибонии 1690 вакили анҷумани умумимиллии ҳизбӣ бархурдор шудааст.

Ҳизби ҷумҳурихоҳон рӯзи шанбе ягон маърака доир накард. Дар сабқат барои номзади ин ҳизб дар интихоботи президентӣ чун пештара миллиардер Доналд Трамп дар мақоми аввал аст. Рақиби асосии ӯ сенатор Тед Круз аст.

Анҷуманҳои ҳизбии демократҳову ҷумҳурихоҳон моҳи июл баргузор мешаванд. Ҳоло довталабон барои он талош доранд, ки ҳарчӣ бештар овозҳои вакилони анҷумани умумимиллии ҳизбиро дарёфт кунанд.

Интихоботи президентии ИМА 8 ноябри соли равон доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG