Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тураров дар рӯйхати беҳтаринҳои WBA


Муштзани касбии 25-солаи қазоқ Жанқош Тураров, ки дар ИМА зиндагӣ мекунад ва дар ҳамаи 18 набарди муштзанӣ ғолиб шудааст, ба рӯйхати 15 муштзани беҳтарини WBA шомил шуд.

Жанқош Тураров соли 1990 дар деҳаи Акқоли ноҳияи Таласи вилояти Ҷамбули Қазоқистон таваллуд шудааст. Аз соли 2004 ба варзиш машғул аст. Соли 2008 барои омӯзиши нозукиҳои муштзании касбӣ ба Алмаато омад. Соли 2012 вай дар миёни муштзанҳои касбӣ унвони қаҳрамони Қазоқистонро соҳиб шуд. Соли 2013 Жанқош ба иёолати Майамии Амрико рафт ва якҷо бо Қанот Исломов таҳти сарварии мураббӣ Нелсон Лопес машқ мекунад.

Тураров бар ин аст, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба муштзании касбӣ таваҷҷӯҳи зиёд намедоданд ва биноан ин навъи муштзанӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ рушд накардааст. Дар фаъолияти муштзании касбӣ Жанқош Тураров дар вазни 66,7 килограмм 18 набард анҷом дода, дар ҳамаи онҳо пирӯз шудааст. Дар 13 набард вай пеш аз мӯҳлат ғолиб дониста шудааст.

29-уми январ дар набарди 12-марҳилаӣ дар Ню-Йорк вай бар рақиби бразилягии худ Ҳоаким Карнейро дар даври аввал ғолиб шуда, унвони қаҳрамони NBA-ро (Эътилофи миллии муштзанҳо) ба даст овард.

Феълан варзишгар дар Қазоқистон аст, аммо дар миёнаи моҳи апрел мехоҳад, барои анҷоми набарди 19-уми худ ба ИМА баргардад. Ба гуфтаи ӯ, тими муррабиаш Нелсон Лопес барои вай рақиб ҷустуҷӯ мекунад. Дар соли ҷорӣ Тураров ният дорад се-чаҳор набард анҷом диҳад. Вай барои худ ҳадаф гузоштааст, ки дар соли 2017 ба рӯйхати даҳгонаи беҳтарин муштзанҳо шомил шуда, барои соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони ҷаҳон талош кунад.

XS
SM
MD
LG