Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади аҳолии Русия кам шудааст


Ба гуфтаи муовини нахуствазири ҳукумати Русия Олга Голодетс, коҳиши даромадҳои аҳолии ин кишвар якбора рух додааст.

Зимни суханронӣ дар Ҳафтаи тиҷорати Русия Голодетс зикр кард, ки вазъияти ба вуҷуд омада ба имконияти харидории шаҳрвандон таъсир гузоштааст. Ин вазъ ба тиҷорат таъсир карда, ҳаҷми онро ба таври бесобиқа коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи муовини нахуствазир, ҳоло масъалаи доғи рӯз ин ҳаҷми маош аст ва бо корфармоён ва намояндаҳои худи коргарон гуфтушунидҳои ҷиддӣ оғоз шудааст. Ин изҳори назари муовини нахуствазирро хабаргузории РИА Новости чоп кардааст.

21-уми март Агентии омори Русия дар бораи теъдоди аҳолии дорои даромади камтар аз меъёри зарурӣ барои зиндагӣ ҳисобот дод. Миқдори чунин нафарон дар муқоиса бо соли гузашта то ба ҳадди камтарин дар нӯҳ сол ахир коҳиш ёфта, то 19 миллиону 200 ҳазор нафар ё 13,4 дарсади маҷмуи аҳолии Русия расидааст. Соли гузашта ин рақам баробари 16 миллиону 100 ҳазор будааст, менависад Forbes.

XS
SM
MD
LG