Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: ҳукми додгоҳии Савченко ноодилона аст


Рӯзи сешанбе додгоҳе дар вилояти Ростов Надежда Савченкоро ба 22 соли зиндон маҳкум кард.

Худи ҳамин рӯз созмони ҳуқуқи башари “Ҳюман Райтс Вотч” изҳор дошт, ки ҳукми додгоҳии сарбози украинӣ Надежда Савченко “дар пайи муҳокимаи ноодилона содир шудааст”.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон зикр кардаанд, ки додгоҳ баёнияҳои калидии ҳимоятгаронро ба парванда ҳамроҳ намекард ва қабули дархостҳои муҳими онҳоро рад мекард. Дар натиҷа, вакилони Савченко аз имкони радди айбҳои пешниҳодшуда маҳрум монданд. “Ҳукми содиршуда асос надорад ва набояд мавриди иҷро қарор гирад”, - таъкид кард раҳбари “Хюман Райтс Вотч” дар кишварҳои Аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ Хю Уилямсон.

Надежда Савченко бо ҳукми додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростов ба 22 соли зиндон ва ҷаримаи 30 ҳазор рубл маҳкум шуд. Вай ба ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии русӣ, сӯиқасд ба ҳаёти наворбардор Виктор Денисов ва убури ғайриқонунӣ аз марз айбдор шудааст. Дар ҳамин ҳол, додгоҳ айби Савченко дар тирборон кардани сокинони осоиштаи вилояти Луганскро бекор кард. Надежда Савченко ҳукми додгоҳро қабул накард ва намехоҳад аз он шикоят кунад.

XS
SM
MD
LG