Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду садамаи ҳалокатбор дар рӯзи иди Наврӯз


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 21 март дар ду садамаи нақлиётӣ ду нафар, аз ҷумла як кӯдаки 5-сола, ҳалок шудаанд. Бино ба гузориши сомонаи ин вазорат, ронандаи як мошини “Опел-Зефира” дар километри 46-уми роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа дар мавзеи Обикиики ноҳияи Хуросон “бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 5-солаи сокини ноҳияи зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа, писарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст."

Садамаи дигар рӯзи 21 март дар километри 620-уми роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб дар ҳудуди деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон рух додааст. Ронандаи мошини ЗИЛ-130, сокини 46-солаи ноҳияи Шуғнон дар ин қитъаи роҳ ба мошини БМВ бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама ронандаи ЗИЛ ҳалок шуда ва ронандаи БМВ бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шудааст.

Тибқи итттилои вазорати корҳои дохилӣ, рӯзҳои 18 ва 19 март низ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар дигар манотиқи Тоҷикистон панҷ нафар ҳалок ва як тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG