Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунаҳкорони бомбборонро танбеҳ додаанд


Артиши Амрико камаш 10 сарбозашро барои роҳ додан ба хато, ки бо бомборони шифохона ва марги 42 нафар дар Афғонистон анҷомид, танбеҳ додааст. Хабари ҷазои маъмурӣ гирифтани сарбозонро артиши Амрико рӯзи 17-уми март дар ихтиёри хабаргузориҳои Ассосиэйтед Пресс ва Франс Пресс гузоштааст. Рӯзи 3-уми октябри соли 2015 дар натиҷаи бомборони шифохонаи созмони Табибони Бидуни Марз дар шаҳри Қундузи Афғонистон, ин шифохона тақрибан аз байн рафт ва аксари табибону беморонаш кушта шуданд. Баъди таҳқиқи сабабҳои бомборон чанде аз сарбозон огоҳиномаи қатъӣ гирифтаанд ва аз имкони гирифтани рутбаҳои баландтар маҳрум шудаанд ва баъзеи дигар мувақаттан аз иҷрои вазифа барканор шудаанд. Бомборони шифохона дар Қундуз боиси интиқоди артиши Амрико дар ҷомеаи байналмилалӣ шуд ва созмони Табибони Бидуни Марз, аз кораш дар ин минтақаи мӯҳтоҷ ба хадамоти тиббӣ дар Афғонистон даст кашид. Созмон ҳамла ба шифохонаро “золимона ва бераҳмона” хонда ва хостори таҳқиқи байналмилалии ҳамла шуд.

XS
SM
MD
LG