Бино ба иттилои ширкати "Узбекэнерго", аз аввали моҳи оянда дар Узбакистон арзиши неруи барқ ҳудуди 9 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамакнун қимати 1 киловатт неруи барқ дар ин кишвар 182 сӯмро (ҳоло 167 сӯм) ташкил хоҳад дод.
Дар зарфи 6 моҳи ахир ин дуюмин мавриди болоравии қимати неруи барқ дар Узбакистон аст. Дар моҳи октябри соли гузашта арзиши неруи барқ ба миқдори 8 дарсад гарон шуда буд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ арзиши оби сард 5,7 дарсад ва оби гарму гармидиҳӣ ба миқдори 9 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.