Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 16 март зимни дидор бо Ризо Раббонӣ, раиси Сенати Покистон дар Исломобод аз ташаннуҷи вазъият дар манотиқи шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Бино ба иттилои торнамои parliament.tj ҷаноби Зуҳуров дар ин мулоқот гуфтааст: "Пайдо шудани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, аз қабили "Давлати исломӣ" дар қаламрави Афғонистон ин кишварро ба макони терроризми байналмиллалӣ табдил медиҳад. Мавҷудияти ин созмони террористии байналмилплӣ дар Афғонистон ба амнияти миллии кишварҳои мо таҳдидҳои мустақим ва бузургро эҷод месозад".
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Покистон ишора карда ва гуфтааст, дар зарфи даҳ соли ахир гардиши мол миёни ин ду кишвар аз 100 ҳазор доллар то 100 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, инчунин пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чорҷонибаи Покистон – Чин – Қирғизистон – Қазоқистонро аз роҳҳои муассири густариши тиҷорат арзёбӣ кардаанд.