Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия се донишманди маъруфро ҳабс карданд


Нерӯҳои интизомии Туркия рӯзи 16 март се донишманди маъруфро бо иттиҳоми “тарғиби терроризм” боздошт карданд. Академикҳо дар маҳзари ом эъломияеро қироат намуданд, ки дар он аз ҳукумати Анкара қатъи амалиёти низомӣ алайҳи курдҳо ва таъмини амнияти сокинони манотиқи курднишини ҷанубу шарқи кишвар талаб шудааст.

Ҳукумат Ҳизби коргарони Курдистонро дар инфиҷори автобус дар шаҳри Анкара дар рӯзи 13 март айбдор мекунанд – дар он ҳодиса 37 нафар ҷон бохтанд.

Масъулияти таркишро ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Моҳи январ беш аз 2 ҳазор донишмандони турк зери эъломияе имзо гузоштанд, ки дар он аъмоли низомиёни кишвар дар ҷанубу шарқи Туркия, аз ҷумла, қуюди шабгардии шабонарӯзӣ ба хотири ошкор кардани мусаллаҳони дар маҳаллаҳои аҳолинишин сангаргирифтаро маҳкум мешуд.

Ин эъломия боиси хашми раисиҷумҳур Раҷаб Тайид Эрдуғон шуда буд ва ӯ гуфта буд, ки донишмандон барои ин “хиёнат” посух хоҳанд гуфт.

XS
SM
MD
LG